6 ноябри соли 2025 дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маросими тантанавии савгвндёдкунии наваскарони қисми низомии 01972 сурат гирифт.
Дар ҷамъомади тантанавӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, роҳбарияти қисми низомӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидайни сарбозон ва фаъолони шаҳр ширкат намуданд. Ҷамъомади идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими тантанавии савгвндёдкунии наваскаронро муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода ба самъи иштирокдорон расонид. Роҳбарияти қисми низомӣ низ кулли наваскаронро бо савганди садоқат ба халқу Ватан таҳният гуфт.
Ҷамъомади идона бо гузашти низомӣ аз ҷониби афсарону сарбозон хотима ёфт.










