ҶАШНИ ҲОМИЁНИ НАЗМУ ТАРТИБОТ — дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони милитсия бошукуҳ таҷлил гардид

Дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Дар чорабинӣ раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Солизода Умедҷон, собиқадорон, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарони шуҷои Ватан, ҷавонону занон, роҳбарони идораҳо ва кормандони фаъоли мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.

Нахуст, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода тамоми собиқадорон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбиашон самимона табрик гуфта, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба фаъолияти софдилона, ҷасорату масъулиятшиносӣ ва садоқати онҳо ба Ватан арҷгузорӣ намуд.Зимнан изҳор гардид, ки милитсия сипару такягоҳи давлат ва ҷомеа буда, саҳми он дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва таҳкими қонуният дар кишвар назаррас мебошад.

Фирӯза Нуруллозода бо такя ба суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намуд: “Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонад.”Дар идомаи суханронӣ қайд гардид, ки дар солҳои душвори пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, кормандони милитсияи тоҷик дар сафи пеши мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва душманони сулҳу субот қарор дошта, барои барқарории сохти конститутсионӣ ва таъмини амнияти миллӣ саҳми бузург гузоштаанд.Раиси шаҳр аз мардонагӣ, ҷасорат ва худгузаштагии кормандони милитсияи шаҳри Бӯстон изҳори қаноатмандӣ намуда, фаъолияти онҳоро дар пешгирии ҷиноятҳо, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон шоистаи таҳсин арзёбӣ кард.Дар идома, номаи табрикии сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Бӯстон Солизода Умед қироат гардид.

Сипас, ба як гурӯҳ фаъолони соҳа, аъзои дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонони фаъоли созмони “Авангард” ва собиқадорони соҳа сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.Ҷамъомад бо барномаи рангини фарҳангии аҳли ҳунари шаҳри Бӯстон идома ёфт, ки ба чорабинӣ шукуҳи идона бахшид.