МАКТАБ БА МАКТАБ: ДАЪВАТИ СОКИНОН БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, санаи 28 октябри соли 2025 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-юми шаҳр мулоқоти навбатӣ бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилзода ва сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳр Рухшона Худойбердиева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот Мамнур Нурзода оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, омилҳои номатлуб дар миёни ҷавонон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифати ҳуқуқии волидайн аз муҳтавои қонунгузории амалкунанда сухан ронда, аҳамияти татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти ободонӣ, созандагӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ таъкид намуд.

Ҳамзамон, маърӯзачиён ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни наврасону ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, инчунин, тарғиби ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.Дар охири вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус насли ҷавон, бояд масъулияти шахсии худро дар рушди устувори ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ эҳсос намуда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда гузорад.