ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҚИСМҲОИ НИЗОМӢ

Дар доираи тантанаҳои идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимзода ба қисмҳои низомии 051056 Гвардияи миллӣ ва 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, сарбозону афсарон ва хизматчиёни ҳарбиро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳният гуфтанд.Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сухани ифтитоҳии комиссари ҳарбии шаҳри Бӯстон полковник Далер Солеҳзода ва роҳбарияти қисмҳои низомӣ оғоз ёфт.Нахуст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимзода паёми табрикии муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори ҷашни Наврӯзро ба самъи иштирокдорон расонид. Зикр карда шуд, ки яке аз муҳимтарин суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшидани гуноҳи якдигар, навозишу дастгирии ятимону маъюбон, аёдати падару модар, беморону калонсолон, боз намудани дасти хайру саховат ба оилаҳои камбизоату муҳтоҷ ва дармондаву ниёзманд ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки мо идомаи ин суннатҳои наҷибро ҳангоми сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон ва доир намудани мулоқоту вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамасола мушоҳида мекунем. Аз ҷониби дигар, боиси қаноатмандист, ки ин суннати дерина ва анъанаи неки ниёгонамон аз ҷониби ворисони ин фарҳанги бузург, махсусан шахсони саховатманд низ идома ёфта истодааст.

Баъдан раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ сарбозону афсарон ва хизматчиёни ҳарбиро бо ин ҷашни фархунда таҳният гуфт. Роҳбари шаҳр зикр намуд, ки Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки гувоҳи аз ҷониби мардумони мо бо камоли эҳтирому эҳтиёт то замони мо расидани ин ҷашни зебои ниёгон аст. Ҷавҳари аслии ҷашни бостонии Наврӯзро падидаҳои наҷибу хушоянд аз қабили некиву накӯкорӣ, покию хуррамӣ ва шодиву нишот фаро гирифта, ба хонаву кошона ва қаламрави кишварҳо саодату нусрат меоварад.Бо ифтихору сарфарозӣ изҳор карда шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз Наврӯз ҳамчун ойини бебаҳои аҷдодии тоҷикон эҳё гардида, ҷиҳати рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи мусоид муҳайё гардид.Ин ҷашн воқеан ҳам ҷашни фарҳангии сулҳофар, пайвандгари наслҳо ва эҳёгари анъанаҳои миллӣ буда, дар ин айём ҳама бо ҳамдигар, новобаста аз миллат, дин, нажод, забон ва маҳал суруру шодмонӣ карда, сари хони наврӯзӣ ҷамъ мешаванд, дар идома зикр намуд Мавсума Муинӣ.Зикр шуд, ки боиси ифтихору сарбаландии тоҷикону тоҷикистониён аст, ки 18 феврали соли 2010 бо кӯшишҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзи аҷам ҳамчун ҷашни беҳтарину писандида бо расму суннатҳои деринаи худ мақоми ҷаҳониро касб намудаву ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил карда шудааст. Ин аст, ки Наврӯз хусусиятҳои бостониашро бо пазироии замони муосир созгор карда, мавриди эътирофи мардуми ҷаҳон қарор гирифтааст.Дар ин рӯз ба қисмҳои низомии зикршуда ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дар шаҳри Бӯстон воқеъбуда дастурхони идона ороста шуда, баҳри болидахотирии сарбозону афсарон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд. Сарбозону афсарон аз роҳандозии тантанаҳои идона изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *