29 октябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ҷаласаи навбатии комиссия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, аъзои комиссия, мудирони бархе аз шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, инчунин роҳбарон ва раисони комиссияҳои дохилиидоравӣ дар ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.Нахуст, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода суханронӣ намуда иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифз, рушд ва гиромидошти забони ноби тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Забони давлатӣ рукни асосии давлатдорӣ ва пояи худшиносии миллӣ ба шумор меравад.Зикр карда шуд, ки дар шаҳри Бӯстон бо мақсади татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Низомномаи намунавии Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин қарори раиси вилояти Суғд аз 10 феврали соли 2022, №38 ва қарори раиси шаҳр аз 12 майи соли 2022, №104 фаъолияти комиссия ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст.Сипас, котиби Комиссия — мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Шаҳноза Каримӣ оид ба фаъолияти комиссия ҳисобот пешниҳод намуд. Дар ҳисобот таъкид гардид, ки бо мақсади татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар 63 ташкилоту муассисаҳои шаҳр комиссияҳои дохилиидоравӣ таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо ба таҳкими истифодаи дурусти забони давлатӣ равона гардидааст.
Дар идома, мудири шуъбаи маориф Рашид Акрамзода ва мудири бахши фарҳанг Мунзифа Расулова ба музокира баромада, оид ба татбиқи қонун дар соҳаҳои дахлдор, ҳисобот доданд.Дар фарҷом, раиси шаҳри Бӯстон, раиси Комиссияи амалисозии қонун Фирӯза Нуруллозода вобаста ба густариши фаъолияти минбаъдаи комиссияи шаҳрӣ ва комиссияҳои дохилиидоравӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, таҳкими назорати насби шиору овезаҳо, номгузории дурусти кӯчаву муассисаҳо мутобиқ ба анъанаҳои миллӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами маҳфили “Посдорон ва дӯстдорони забони тоҷикӣ” таъкид гардид.





