Имрӯз, санаи 24 сентябри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Дар кори Шӯро аъзои Шӯро, мураббиёни МД «Мактаби варзишӣ», роҳбарон ва мураббиёни толорҳои варзишии хусусӣ ва омӯзгорони тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Муовини раиси шаҳр, раиси Шӯро Мамнур Нурзода ҳозиринро бо рӯзномаи Шӯро шинос намуд. Дар Шӯро масъалаҳои рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо варзишгарон, тасдиқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2025 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Аз рӯйи масъалаи якум Хусравшоҳ Исмоилзода мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳисоботро пешниҳод намуда, иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сафарозист, ки маҳз дар натиҷаи таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ва оммавияти варзиш дар кишвар барои сокинони маҳал ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим имконпазир гардид. Аз ҷумла дар шаҳри Бӯстон низ ба рушди варзиш ва оммавигардонии варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст. Қайд гардид, ки варзишгарони шаҳри Бӯстон дар нимсолаи аввали соли 2025 дар мусобиқаву чемпионатҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 134 медал гардиданд, ки аз ин 44 медали тилло, 38 медали нуқра ва 52 медали биринҷӣ мебошад.Сипас, Бобоев Шонаим Раҳимович — директори муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ»-и шаҳр дар ҳисоботи худ оид ба масъалаҳои фаъолияти муассиса ва камбудиву норасоиҳо дар соҳа суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар соли равон тамоми камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда хоҳад шуд.Сипас, муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки ҳадаф аз таъсиси Шўрои мазкур ин мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад. Бинобар ин вобаста ба оммавияти варзиш, таъсис додани гуруҳҳои алоҳидаи варзиш вобаста ба имкониятҳои шаҳри Бӯстон, вусъати корҳо дар самти ташкил ва баргузории терренкур ва машқҳои пагоҳирӯзӣ, аёдати собиқадорони соҳа, тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди иншоотҳои варзишӣ, пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб миёни варзишгарон ва дигар тадбирҳо, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст, аъзои Шӯро ва шахсони алоқаманди соҳаро муваззаф намуд.
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР НАЗДИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БӮСТОН ДОИР ГАРДИД





