23 сентябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар идомаи ташриф ба шаҳри Бӯстон аз вазъи кору фаъолияти занону бонувон дар қурутобхонаи «Далер»шинос шуданд. Меҳмононро раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ҳамроҳӣ намуд. Дар ин рӯз меҳмонон аз намоиши нон ва маҳсулоти нонӣ, тарзи омода намудани таомҳои миллӣ аз ҷониби занону бонувони ҳунарманд боздид ба амал оварданд. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки соҳибкорзан аз шаҳри Бӯстон Оимхол Солеҳова бо таъсис додани қурутобхона ва маркази нонпазӣ як қатор занону бонувони хонашин ва ҳунармандро бо кор таъмин намуда, ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии онҳо ва тарғиби таомҳои миллӣ саҳмгузорӣ намуда истодааст. Модарон аз ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипосгузории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
ҲУНАРМАНД ҲАРҶО БУВАД САРФАРОЗ! — боздиди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қурутобхонаи «Далер»-и шаҳри Бӯстон





