23 сентябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, аз вазъи кору фаъолияти занону бонувони дорои имконияти маҳдуд ва модарони фарзандонашон дорои қобилияти маҳдуд шинос шуданд. Меҳмононро раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ҳамроҳӣ намуд. Зимни суҳбат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оид ба дастгирии давлатии занону бонувон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, аз ташаббусҳои наҷиби модарони мо ёдовар шуданд. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки бо такя ба дастгирии давлатии занону бонувон як гуруҳ модарони дорои имконияти маҳдуд ва дорои фарзандони имконияти маҳдуд дар шаҳри Бӯстон бо таъсис додани ташкилоти ҷамъиятӣ муттаҳид гардида, аз рӯйи намудҳои муҳрабофӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ ва дигарон шогирдонро омода намуда, бо фурӯш гузоштани маҳсулоти истеҳсолӣ ва рушди ҳунармандӣ рӯзгори хешро пеш мебаранд. Ба ҳунармандон бори дигар иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занону бонувон афзуда, модарони ҳунарманд ва соҳибкор имкон доранд бо пешниҳоди лоиҳаҳои асоснок грантҳоро ба даст оварда, дар таъмини рӯзгори босуботи хеш саҳмгузор бошанд. Модарону духтарон аз ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипосгузории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
ҲУНАРМАНД ҲЕҶ ГОҲ ХОР НАМЕШАВАД! — боздиди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маркази ҳунармандии бонувони дорои имконияти маҳдуд дар шаҳри Бӯстон





