23 сентябри соли равон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар толори гимназияи №1, бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо мулоқот доир гардид. Дар кори мулоқот муовини раиси шаҳри Бӯстон — Мамнур Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр — Хусравшоҳ Исмоилзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон — Рашиди Акрамзода, ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Фарзона Ҳофиззода, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон — Иноятулло Бобоназарзода, муовини сарвари КАТС-и шаҳр Шералӣ Ғафуров ширкат намуданд.Нахуст муовини раиси шаҳри Бӯстон — Мамнур Нурзода оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 баён доштанд ибрози назар намуд. Зимни баргузории вохӯрӣ аз ҷониби маърӯзачиён пеш аз ҳама оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда шуд.
МАКТАБ БА МАКТАБ: ДАЪВАТИ СОКИНОН БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ!





