ДАР БИҲИШТИ ҶОВИДОН БОДО РАВОНИ РӮДАКӢ – таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Бӯстон

Дар доираи таҷлили Рӯзи устоди сухан, қофиласолори назми тоҷику форс, сардафтари адабиёти классикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон чорабинии бошукӯҳи адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Шаҳноза Каримӣ, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Рашид Акрамзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилзода, мудири бахши фарҳанги шаҳр Мунзифа Расулова, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, хонандагон ва аҳли фарҳангу адаби шаҳр иштирок намуданд.Нахуст, меҳмонон аз намоишгоҳи адабӣ-бадеии муассисаҳои таълимии шаҳр, ки ба ҳаёт, фаъолияти пурсамар ва осори безаволи устод Рӯдакӣ бахшида шуда буд, боздид ба амал оварданд. Дар ин гӯшаҳо китобҳои чопшудаи шоир, навиштаҷоту мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, аксҳои рамзӣ ва саҳнасозии хонандагон оид ба осори шоир ба маъраз гузошта шуд, ки диққати ҳамагонро ҷалб кард.Сипас, паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ аз ҷониби муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода ба самъи иштирокдорон расонида шуд. Зикр гардид, ки ҷойгоҳ ва мақоми устод Рӯдакӣ ҳамчун поягузори адабиёти классикӣ ва забони тоҷикии форсӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ беназир аст. Мавсуф иброз намуд, ки осори ин шоири орифу донишманд дар тӯли асрҳо манбаи илҳом, хирад ва маърифат барои инсоният боқӣ мондааст. Инчунин аз таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ ва арзишҳои миллӣ ёдовар гардида, аҳамияти тарбиявӣ доштани чунин чорабиниҳоро махсусан барои насли наврас таъкид гардид.Баъдан маросими қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмуни «Рӯдакихонӣ» доир гардид. Ба ғолибон аз ҷониби дипломҳои дараҷавӣ, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.Дар идома, бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли фарҳангии шаҳр барномаи рангини адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бахш шеърхонӣ аз осори Рӯдакӣ, саҳнаҳои театрӣ оид ба ҳаёт ва осори шоир, сурудҳои миллӣ ва баромадҳои мусиқӣ пешниҳоди иштирокдорон гардиданд, ки ба чорабинӣ маънавияти хос бахшиданд.