ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК! Аз шаҳри Бӯстон 7 нафар ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” роҳхат ба даст оварданд

Тавре маълум аст, бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-710 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 31 январи соли 2025, №32 “Дар бораи ташкил ва гузаронидаи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз 15.09.2025 то 18.09.2025 даври сеюми (вилоятӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар бинои китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд баргузор гашт. Дар даври вилоятии озмуни мазкур аз ғолибони даври шаҳрӣ 7 нафар иштирокчиён аз шаҳри Бӯстон аз ҷумла хонандагони муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Шарипов Муҳаммадрофеъ ва Ҳайдаров Маҳмудҷон, донишӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Нуриллозода Ҷумъабой, Аминзода Хисрав, магистранти Донишкадаи мазкур Қозизода Мӯҳсин ва омӯзгори калони кафедраи геология ва корҳои нафту гази ҳамин Донишкада Поччоев Анушервон ва корманди Филиали Агентии амнияти ядроӣ, биологӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоев Далер ҷойҳои намоёнро ишғол намуда ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аҳли илму маърифат ин дастоварди назаррасро ба ғолибон таҳният гуфта, барояшон дар даври ниҳоии озмуни мазкур барору муваффақият таманно дорем.