18 сентябри соли 2025 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбии гарнизони Суғд баргузор гардид.Ҷаласаро раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, генерал-майори адлия Тоҳирзода Наврӯз Урватулло ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос кард. Дар кори ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майор Мирзозода Саидшоҳ Давлат, комиссари ҳарбии вилояти Суғд, генерал-майор Солизода Умед Иззатулло, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, полковник Додиён Баҳром Одина, инчунин раисони комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ, сардорони зершуъбаҳои даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, сардухтурони комиссияҳои тиббӣ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ иштирок намуданд.Дар ҷаласа ҳолати иҷро ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, омодагии комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба даъвати тирамоҳии соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар рафти ҷаласа масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ дар ҷавонон ва бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта муҳокима шуданд.Дар ҷаласа раиси комиссияи даъватии вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, подполковники адлия Кабирзода Сидқӣ Файзалӣ, комиссари ҳарбии вилояти Суғд генерал-майор Солизода У.И., инчунин комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Мастчоҳ, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан ва Панҷакент баромад карда, барои беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои даъват пешниҳодҳои худро ироа намуданд.Дар поёни ҷаласа бо назардошти пешниҳодҳо ва натиҷаҳои баррасии масъалаҳои рӯзнома қарори дахлдор қабул гардид. Дар охир зикр гардид, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар сатҳи баланди ташкилӣ ва дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлат амалӣ гардад.
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ИДОРАКУНИИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД





