17 сентябри соли 2025 таҳти раёсати раиси шаҳри Бӯстон, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Фирӯза Нуруллозода дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон доир карда шуд.Дар кори иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Оқилзода Ғайрат Аҳмад ширкат варзиданд.
Ҳамзамон дар иҷлосия вакилони халқи шаҳри Бӯстон, муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раиси Ҷамоати шаҳраки Палос ва намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.Кори иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Пас аз интихоби котибот ва тасдиқи рӯзнома кори иҷлосия идома ёфт.Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома «Оид ба рафти таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 майи соли 2023, №150 “Дар бораи тадбирҳои татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” Баҳодур Яқубзода — муовини якуми раиси шаҳр суханронӣ намуд.Сипас оид ба масъалаи болозикр Парвиз Ҷабборзода — вакил аз ҳавзаи интихоботии “Хуҷанд”, №2 ва Давлатшо Шобутолибов — вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сино”, №16, музокира намуданд.Сипас, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иттилоот, илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, сиёсати ҷавонон ва масоили оила ва занонро раиси комиссия, Мамнур Нурзода – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Ҳодӣ Кенҷаев”, №9 пешниҳод намуд.
Вобаста ба масъалаи дигари рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Театр», №5 Юнусӣ Манзура Мамурзода оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.Дар идома масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети шаҳр, тасдиқ намудани лоиҳаи Нақшаи муфассали банақшагирии ду минтақаи маркази шаҳри Бӯстон доир гардид.Оиди масъалаи тасдиқ намудани лоиҳаи Нақшаи муфассали банақшагирии ду минтақаи маркази шаҳр Мунира Умарова – мудири бахши сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр суханронӣ намуд.Баъдан, қарорҳои раиси шаҳри Бӯстон оид ба тағйиротҳои кадрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, ки аз иҷлосия то иҷлосияи навбатӣ қабул гардидаанд, тасдиқ карда шуданд.
Дар идома, Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар баробари афзалиятнокиҳо дар фаъолияти вакилони халқи шаҳри Бӯстон норасоиҳои алоҳида ба назар расида, сарҷамъ ва ҳадафманд роҳандозӣ намудани неруҳои мавҷуда ба корҳои созандагӣ, вокуниш ба падида ва зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа беҳбудӣ металабанд.Дар ин замина, ба вакилони халқи шаҳри Бӯстон ва иштирокдорони иҷлосия дастуру супоришҳои алоҳида супорида шуданд.
Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, Ғайрат Оқилзода суханронӣ намуда, оид ба рафти амалигардонии Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва дигар тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ андешаронӣ намуд.Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори иҷлосия хотима ёфт.





