ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ! — таҷлили бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Бӯстон

21 март дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардид. Дар танатанаҳои идона роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимзода, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд. Қисмати расмии чорабинии идона бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оғоз гардид.

Нахуст директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён паёми табрикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзури сокинону меҳмонони шаҳри Бӯстон гардонид. Номбурда бо такя ба суханронии ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки эҳёи Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.Зеро мо – тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун буда, ба арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва зебоипарастиву созандагӣ ҳамчун асоси маънавиёти миллиамон ҳамеша арҷ мегузорем.Дар идома мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимзода паёми табрикии муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори ҷашни Наврӯзро ба самъи иштирокдорон расонид. Зикр карда шуд, ки яке аз муҳимтарин суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшидани гуноҳи якдигар, навозишу дастгирии ятимону маъюбон, аёдати падару модар, беморону калонсолон, боз намудани дасти хайру саховат ба оилаҳои камбизоату муҳтоҷ ва дармондаву ниёзманд ташкил медиҳад. Мо идомаи ин суннатҳои наҷибро ҳангоми сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон ва доир намудани мулоқоту вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамасола мушоҳида мекунем. Аз ҷониби дигар, боиси қаноатмандист, ки ин суннати дерина ва анъанаи неки ниёгонамон аз ҷониби ворисони ин фарҳанги бузург, махсусан шахсони саховатманд низ идома ёфта истодааст.Баъдан раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ кулли сокинону меҳмонони шаҳрро бо ин ҷашни фархунда таҳният гуфт. Роҳбари шаҳр зикр намуд, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои хуҷаставу писандида ва айёми марғубу дилпазири мардуми тоҷик буда, бузургтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳонист, ки дар масири таърихи тӯлонӣ бо рангу накҳат ва таровату нигориши дилчасп ҳар сол дар накӯтарин айём-баҳор таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози ободкорию созандагӣ ва мавсими кишту кори баҳорӣ мебошад, ки пайомади фасли баҳор, навшавии сол, омадани фасли гармо ва ибтидои гулшукуфоиҳо ба шумор меравад.Маҳз вожаи «Наврӯз» шаҳодати он аст, ки ин ҷашн бо ҳама анъанаву расмиятҳо хоси мардуми тоҷик аст, зеро он калимаи мураккаби форсии –дарӣ, калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ «нав» ва «рӯз» иборат аст. Ҷавҳари аслии ҷашни бостонии Наврӯзро падидаҳои наҷибу хушоянд аз қабили некиву накӯкорӣ, покию хуррамӣ ва шодиву нишот фаро гирифта, ба хонаву кошона ва қаламрави кишварҳо саодату нусрат меоварад.Бо ифтихору сарфарозӣ изҳор карда шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз Наврӯз ҳамчун ойини бебаҳои аҷдодии тоҷикон эҳё гардида, ҷиҳати рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи мусоид муҳайё гардид. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид менамоянд: “Мо аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ҷашни фархундаи Наврӯз ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак» табрик мекунанд”. Ин нукта бори дигар тасдиқ менамояд, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст. Наврӯз ҷашни озодагӣ ва озодагон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо фаро расидани баҳор ба киштукори баҳорӣ, шинонидани ниҳолҳои гуногун, тоза кардани ҷӯйбору корезҳо ва ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ ва ҳар ваҷаб хоки диёри зебоманзарамон шурӯъ менамоянд.Итминон карда шуд, ки халқи соҳибтамаддун ва соҳибхиради тоҷик ва бахусус сокинону меҳмонони сарбаланди Бӯстоншаҳри нозанин бо такя ба беҳтарин суннатҳои Наврӯзи фаррухрӯз бо заҳмату кӯшишҳои пайгирона баҳри ободиву хуррамии бештари ҳар як гӯшаву канори мамлакати азизамон ҷаҳду талош намуда, ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоистаи худро хоҳанд гузошт.Сипас, барномаи рангини ҳунарии аҳли фарҳанги вилоят ва шаҳри Бӯстон бо фарогирии шеъру сурудҳои тараннумгари Нарвӯзи ҷаҳонӣ, муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз Тоҷикистони биҳиштосо ва Пешвои фарҳангпарвари миллат ба тантанаҳои идона шукуҳи тоза бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *