Дидорбинӣ бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ дар шаҳри Бӯстон

Дар идомаи баргузории силсила чорабиниҳо дар доираи ҷасалаи сайёр санаи 11 августи соли 2025 муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва раисони кумиҷроияҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ дар шаҳри Бӯстон боздид ба амал оварданд.

Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши қисмҳои автомат ва яроқу аслиҳаи ҷангӣ шинос шуда, доир ба имкониятҳои техникиву ҷангии қисми ҳарбӣ маълумот гирифтанд. Сипас, дар мулоқот бо афсарону сарбозон, роҳбарияти ҳизб бо ифтихор аз хизматҳои фарзонагони миллат дар таъмини субот ва оромии кишвар ёдовар шуда, хизматчиёни ҳарбиро ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода дар суханронии худ таъкид кард, ки Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар маҳз бо садоқат, ҷасорат ва заҳматҳои софдилонаи хизматчиёни ҳарбӣ таъмин мегардад. Ӯ афзуд, ки аҳли ҷомеа ба корнамоӣ ва хизмати содиқонаи сарбозону афсарон арҷ мегузорад ва ҳамеша пуштибони онҳо мебошад. Ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода таъкид дошт, ки имрӯз мо 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем, бояд дарк намоем, ки суботу амният ва оромии кишвар аз меҳнати шабонарӯзии шумо ва омодагии ҷиддии ҳарбии шумост.

Ҳизби Халқии Демократии Тожикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қуваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гинерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша пуштибони қавии Қувваҳои Мусаллаҳ буда, дар ҳифзи сарзамини муқаддасамон бо шумо якҷоя мекӯшад.

Сипас муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода роҳи пуршарафи ҷангӣ ва саҳми арзандаи афсарону аскарони Гвардияи миллӣ дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷасорату мардонагии онҳо дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ёдовар шуд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Гвардияи миллӣ ниҳоди махсуси низомӣ аст, ки вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад. Иҷрои ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, садоқат ва муҳаббат ба ин сарзамину муқаддасоти онро тақозо менамояд. Дар идома таъкид гардид, ки афсарону аскарони Гвардияи миллӣ бояд бо интизоми қатъии ҳарбӣ, маҳорати баланди касбӣ, малакаву дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва садоқату ҷасорат намунаи ибрат бошанд.