Дар идома баргузории силсила чорабиниҳо дар шаҳри Бӯстон муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, муовини раиси шаҳри Бӯстон Нурзода Мамнур, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Юнусӣ Манзура, роҳбарони сохторҳои марбута ва фаъолони ҳизбӣ бо аҳолии шаҳр мулоқоти васеъ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрии мазкур масъалаҳои омодагӣ ба мавсими зимистон, хусусан захира ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, маводи ғизоӣ, инчунин истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Умеда Абдуллозода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи оқилона аз ҳар ваҷаб замин, кишти такрорӣ ва парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ яке аз роҳҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷаҳонгир Салимзода низ изҳор дошт, ки воҳидҳои ҳизбӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бояд дар ин раванд нақши фаъол дошта, аҳолиро ба парвариши зироатҳои серҳосил, нигоҳдории дурусти маҳсулот ва баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ҷалб намоянд.
Дар охир, ба сокинон тавсияҳои амалӣ оид ба интихоби зироатҳои мувофиқ, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи технологияҳои муосири нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардид.

















