ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ НАВРӮЗИИ СОКИНОНИ ШАҲРИ БӮСТОН АЗ НАМОИШИ ХАЙМАҲОИ ИДОНА ОҒОЗ ЁФТ

21 март дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардид. Дар танатанаҳои идона роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд. Меҳмононро дастаи устодону ҳаваскорони мактаби санъати шаҳр ба номи Шодмон Алифов бо навозиши хосаи наврӯзии карнаю сурнай ва доирадастон истиқбол гирифтанд.

Нахуст ҳайати меҳмонон аз хаймаҳои идонаи наврӯзии муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ, маҳаллаҳо, ҷамоати шаҳраки Палос ва дастранҷи сокинони касбу кори гуногун бо фарогирии таомҳои миллии наврӯзӣ, хони ҳафт сину ҳафт шин, намудҳои ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули дасти занону бонувони ҳунарманд боздид намуданд. Занону бонувон ва кӯдакон бо шукргузорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳонӣ шудани Наврӯз бо қироати шеъру таронаҳои наврӯзӣ бо омодагии хоса ҳайати меҳмонро гарму самимӣ истиқбол намуданд. Ҳайати меҳмонон ба маҳорату истеъдоди занону бонувон ва ҳунармандон баҳои баланд доданд. Дар идома меҳмонон аз намоиши бозиҳои миллии варзишӣ, намоиши ҷараёни омӯзиши намудҳои гуногуни санъати тасвирӣ ва расмкашӣ, омӯзиши ҳунарҳои қолинбофӣ ва растаҳои кӯдакона боздид намуда, ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравии идона тақдим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *