11 августи соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии “Мактаби санъати номи Шодмон Алифов”-и шаҳри Бӯстон ҷаласаи кории сайёри Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо масъулини самти идеолгии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид.
Дар кори он, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, муовинон ва кормандони кумиҷроияи вилояти ҳизб, раисон, муовинони раис, мудирони шуъбаҳои таблиғот ва иттилоот, занону ҷавонон, сармуҳаррирони нашрияҳои ҳизбии кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.Нахуст, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ҷаласаи мазкурро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдорони онро хайрамақдам намуд.
Таъкид дошт, ки бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вусъати корҳои идеологӣ, дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавон ва ғайра дар Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2025 баён дошта, Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифта аст, ки бо масъулони самти идеологии кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, алалхусус шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷаласаи сайёр баргузор намояд.
Сипас, Исмоилзода Зуфар Муртазохон – муовини Раиси вилояти Суғд зимни суханронии худ, таъкид дошт, ки Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд дар пешбурди самти идеологӣ дар вилоят, алалхсус дар баланд бардоштани сатҳи шуури сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории мулоқоту вохӯриҳо, дастгирии сиёсати давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани эҳсонони ватандӯстиву ватанпарастии сокинон фаъолияти густурда дошта, худро вазифадор меҳисобад.
Дар идома, Ҷаҳонгир Салимзода – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гузориши худро вобаста ба фаъолияти корҳои идеологии кумиҷроияи вилоятӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 пешниҳод намуд.
Абдуллозода Умеда – Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2025 баён доштанд, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, мавқеи ҳизб сиёсати давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлоли кишвар ва таҳкими амнияти миллӣ дастуру супориши мушаххас дод.
Дар охир, як қатор фаъолон ва мудирони шуъбаҳои таблиғот ва иттилоот ва ҷавонони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки саҳми арзанда дар пешбурди корҳои тарғиботӣ доштанд бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.







































