11 августи соли 2025 дар доираи баргузории силсила чорабиниҳои ҷаласаи сайёр муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ва Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Бўстон “Зари Суғд” боздид ба амал оварданд.
Дар ҷараёни боздид роҳбарияти корхона доир ба таърихи таъсисёбӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ ва нақшаҳои рушд маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Таъкид карда шуд, ки корхона бо таҷҳизоти муосири воридотӣ муҷаҳҳаз буда, маҳсулоти заргарӣ ва ёдгориҳои ороиширо бо сифати баланд истеҳсол менамояд. Меҳмонон зимни боздид, аз раванди истеҳсолот, рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои кормандон ва нақшаҳои минбаъдаи сехҳои заргарӣ, зарҳалкорӣ ва пойафзолбарорӣ шинос шуданд.
Умеда Абдуллозода – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо кормандон аз дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд дода, фаъолияти “Зари Суғд”-ро намунаи хуби татбиқи сиёсати саноатикунонии мамлакат арзёбӣ намуд.Таъкид кард, ки дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ аз самтҳои афзалиятноки барномаи ҳизбӣ ба ҳисоб меравад.
































