Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар мактаб-интернат

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон дар мактаб-интернати вилоятӣ дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Зоирӣ Ғафурҷон ширкат намуданд. Нахуст Суҳроб Рустамзода намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ ба самъи тарбиятгирандагон расонид.

Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Ғафурҷон Зоирӣ паёми шодбошии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муиниро бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ба самъи иштирокчиён расонид. Дар чорабинӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати мазкур дастурхони идона ороста шуд. Дар охир аз ҷониби тарбиятгирандагон барномаи фарҳангӣ бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯз пешкаш карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *