11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон вобаста ба истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мулоқоти гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Дар мулоқот Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ва профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршо Шарипов ширкат намуданд. Инчунин дар мулоқот роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, намояндагони занону ҷавонон, аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат намуданд.Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода оғоз ёфт.

Зикр карда шуд, ки истифодаи самараноки нерӯи барқ яке аз масъалаҳои стратегии миллии мо ба шумор рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 98% нерӯи барқи худро аз манбаъҳои барқароршаванда — асосан нерӯи об истеҳсол менамояд. Бо ин нишондиҳанда кишвари мо дар ҷаҳон дар сафи пеш қарор дорад. Бо вуҷуди ин, талабот ба нерӯи барқ махсусан дар фасли зимистон афзоиш меёбад ва истеъмоли ғайриоқилона боиси фишор ба шабакаҳои энергетикӣ мегардад.
Дар ин радиф, дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли сипаригардида қайд намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст”.Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида ибрози андеша намуд.
Гуфта шуд, ки тавре ҳамагон иттилоъ дорем, аз 15 апрели соли ҷорӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, тибқи он нисбати муштариёну истифодабарандагони барқ, ки ба қонунвайронуниҳо роҳ медиҳанд, минбаъд ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ карда мешаванд.Дар ин замина, 30 апрел, зимни баргузории Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Воқеан ҳам, масъалаи рушди соҳаи энергетика дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.
Баъди шарафёбии миллати мо ба Истиқлоли давлатӣ, бо дастуру роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди иншооти энергетикӣ, умуман рушди соҳа эътибори махсус равона гардид.
Басо хушоянд аст, ки бо азму иродаи устувор ва нақшаҳои созандаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Бо истифодаи сарфакоронаи барқ ҳамаи мо метавонем саҳми хешро дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ гузошта бошем.
Дар идома вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ва профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршо Шарипов вобаста ба эҳсоси баланди ватандӯстӣ, пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб, вусъати корҳои тирғиботиву иттилоотӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва эҳсоси баланди худогоҳиву ифтихори миллӣ, тарбияи насли шоистаи замон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷом байни иштирокдорон ва сокинон мубодилаи афкор сурат гирифт.





















