ЭЪЛОН!

Ба диққати сокинону меҳмонони шаҳри Бӯстон мерасонем, ки санаи 21 марти соли 2023 соати 14:00 дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз тантанаҳои бошукӯҳи идона бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ, пешниҳоди бозиҳои миллии варзишӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ баргузор мегардад.
Тавре бузургони илму адаби тоҷик таъкид менамоянд: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад».

МАРҲАБО БА ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНАФРӮЗ!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *