Таҷлили Рӯзи шаҳри Бӯстон ва Рӯзи варзишгарон

Дар толори муассисаи давлатии Мактаби санъати шаҳри Бӯстон ба номи Шодмон Алифов бахшида ба Рӯзи шаҳри Бӯстон ва Рӯзи варзишгарон ҷамъомади идона доир гардид.

Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода кулли сокинону иштирокдоронро бо ин рӯзҳои фархунда таҳният гуфта, ба шаҳри зебоманзари Бӯстон рушду шукуфоии пайваста таманно кард.

Дар ин рӯз ҳамзамон роҳбари шаҳр аз рушду густариши варзиш дар Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта, аз дастовардҳои варзишгарон ёдовар шуд.

Дар фарҷом ба 25 нафар собиқадорон, мураббиён ва устодону варзишгарон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.

Барномаи рангини аҳли санъату ҳунар ба ҷамъомад шукуҳи тоза бахшид.