Паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода бахшида ба 69-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии шаҳри Бӯстон
Ҳамшаҳриёни азиз, Меҳмонону сокинони шаҳри нозазинамон – Бӯстон!
Дар ин айёми фархунда ва омодагиҳои сазовор ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи таъсисёбии шаҳри азизамон Бӯстон фоли нек буда, ба ин ифтихор, бо ниятҳои неку наҷиб ҳамаи Шуморо сидқан шодбош мегӯям ва бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори осуда ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас осмони софу ваҳдати ҷовидонӣ таманно менамоям. Воқеан, шаҳри азизамон Бӯстон бо дастгириву пуштибониҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода рӯз ба рӯз ба худ қабои нав ба бар намуда, шукӯҳу шаҳомати хосса чун шаҳри сернуфуз ба худ касб намудааст.
Шаҳри Бӯстон ҳанӯз бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 10 августи соли 1956 ва қарори Шӯрои вакилони меҳнаткаши вилояти Ленинобод аз 14 сентябри соли 1956 Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони меҳнатакаши Чкаловск таъсис ва тасдиқ карда шуд.
Дар тобеияти маъмурии Шӯрои вакилони меҳнатакаш бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони советӣ аз 30 июли соли 1964 деҳаи Палоси ноҳияи Хуҷанд бо статуси шаҳрак ворид карда шуд.
Соли 1970 бо такмилёбии сохтори вилоят шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ба ҳайси шаҳри тобеи вилоят табдил ёфт.
Дар робита бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 номи Шӯрои вакилони халқи шаҳр бо Маҷлиси вакилони халқи шаҳр иваз карда шуд.
Дар остонаи таҷлили 69-умин солгарди таъсисёбии шаҳри азизамон мехоҳам оид ба корномаҳои бемислу монанди роҳбарияти шаҳр ҳанӯз аз остонаи таъсисёбии он то замони соҳибистиқлолӣ зикр намоям.
Боиси зикр аст, ки ҳанӯз аз соли 1996 то соли 2024 Ӯғулой Тоҳирова, Ахмедов Нӯъмон Бурҳонович, Абдуллоева Раъно Шарафовна, Гришина Раиса Михайловна, Шеблетова Полина Сергеевна, Желтов Валерий Дмитриевич, Борода Александр Иванович, Шокиров Ҷӯра Раҳмонович, Иброҳимов Иброҳим Сангинович, Бобоев Собит Абдуллоевич, Абдуназаров Хисрав Насруллоевич, Бобозода Шавкат Бобораҷаб, Рухсора Давлатзода, Раъно Ҳошимзода, Мавсума Муинӣ ва Нигорахон Ғаффорзода ба ҳайси раиси шаҳр фаъолият бурда, барои барқарорсозии инфрасохтори шаҳр ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳиссагузорӣ намуданд.
Имрӯзҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри таъмини шароити арзандаи кору зиндагии сокинон, ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори шаҳр раванди корҳои ободонӣ ва бунёди муассисаҳои гуногунсамтро дар доираи омодагиҳои сазовор ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, бо мақсади татбиқи муваффақонаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ормонҳои давлатдории навини миллӣ саҳмгузорӣ намуда истодааст. Бо таманниёти беназир бори дигар кулли ҳамшаҳриёни азизро ба ифтихори 69-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Бӯстон таҳният гуфта, ба ҳама хонаи обод, рӯзгори хуррам ва саодати зиндагиро таманно дорам.
Бигзор дар партави рушди бемайлони Ватани азизамон-Тоҷикистон нумӯи ботадриҷи гӯшаи дилкашу дилрабо, шаҳри зебоманзари Бӯстон бегазанд бошад!





