Боздид аз намоиши бозиҳои варзишӣ ва дастоварди варзишгарон

Дар доираи Рӯзи варзишгарон ва Рӯзи таъсисёбии шаҳри Бӯстон раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода қабл аз оғози тантанаҳои идона аз намоиши бозиҳои варзишӣ ва дастовардҳои варзишгарон дидан кард.

Зимни суҳбати самимӣ бо мураббиён ва варзишгарон роҳбари шаҳр ҷиҳати иштироки бештар дар мусобиқаву чорабиниҳои гуногунсатҳ дастуру тавсияҳо дод.