ВАРЗИШ БЕҲТАРИН ВАСИЛАИ МУАРРИФИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ!

Паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Муҳтарам собиқадорони варзиш, Устодону мураббиён ва варзишгарон,

Бо хушнудӣ ва фараҳмандии бепоён фарорасии Рӯзи варзишгаронро, ки ҳамсола 10 август дар саросари кишвари азизамон таҷлил мегардад, таҳният гуфта, бароятон бурдбориву сиҳатмандии комил таманно дорем.

Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар рушди бонизоми варзиш зери пуштибониҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бо таъкиди ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Варзиш дар баробари тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Ҳамзамон бо ин варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи сайёра мебошад».Ҷиҳати таъмини заминаи ҳуқуқии фаъолияти марбут ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш кӯшишҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар равона гардида, дар мамлакат қабул гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши наврасон ва кӯдакон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ва «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» далели равшани гуфтаҳои болост.

Ҳамзамон, боиси ифтихори кулли мардуми шарифи кишвар аст, ки 7 майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро пазируфта, бо қабули қатънома 25 майро “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон намуд.

Мусаллам аст, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои назаррас андешида, амалигардонии онҳоро омили муҳимми солимии шахс ва ҷомеа меҳисобад.

Ҳамшаҳриёни азиз,

Дар шаҳри Бӯстон як муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ” аз рӯйи 11 намуди варзиш бо фарогирии 32 гуруҳ амал мекунад, ки шумораи тарбиятгирандагони он 382-нафар буда, аз онҳо 25 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ба варзишгарон 18-нафар мураббиён таълим дода истодаанд. Умуман дар шаҳр зиёда аз 4700 нафар ҷавонону наврасон ҳамарӯза ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд.

Боиси хушнудист, ки варзишгарони шаҳри Бӯстон бо илҳом аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат ва парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯйи майдонҳои сатҳи ҷаҳонӣ парафшон намуда, сазовори ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида истодаанд. Тавре маълум аст 14 феврали соли 2024 маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар қатори варзишгарони муваффақи кишвар яке аз варзишгарони шаҳри Бӯстон аз намуди муштзанӣ Баҳромбек Ҳотамов бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мураббии ӯ Хуршед Ҳасанов бо мукофотпулӣ қадршиносӣ гардиданд.

Инчунин маврид ба зикр аст, ки 17 феврали соли 2025 зимни маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш варзишгари шаҳри Бӯстон аз намуди муштзанӣ Нурализода Сорбон ба гирифтани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мураббӣ – Ҳасанов Абдусалом ба ҷоизапулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Варзишгарони шаҳри Бӯстон дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 дар мусобиқаву чемпионатҳои гуногун иштирок намуда 406-медал аз ин, 134 медали тилло, 137 медали нуқра ва 135 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавигардонии он, таҳкими тарзи ҳаёти солим, дар нимсолаи якуми соли 2025 зиёда аз 82 чорабиниҳои варзишӣ бо ҷалби беш аз 7,2 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, варзишгарону мухлисон ва сокинону меҳмонон баргузор гардиданд.

Тибқи ҷадвали баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Миллати ҷисман солим, руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад!” 39 маротиба машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ва терренкур ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он зиёда 3350 нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинон, аз ҷумла 1950 нафар духтарону бонувон иштирок намуданд.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ,

Бо итминон иброз медорем, ки масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарони бонангу ори шаҳри азизамон аз як гиребон сар бароварда, дар атрофи андешаи «Тоҷикистони озоди соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳамаи мост!» муттаҳид гардида, аз ин ҳам дастовардҳои варзишии шаҳри азизамонро баланд хоҳанд бардошт.Бо чунин таманниёти наҷиб, бори дигар барои варзишгарони азиз, кулли ҳамдиёрон ва сокинони сарбаланди шаҳр Рӯзи вазшигаронро таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, рӯзгори хуррам саодати зиндагӣ, фатҳи куллаҳои баланд дар мусобиқаҳои дохил ва хориҷи кишвар ва ба Ватани маҳбубу азизамон-Тоҷикистон рушди бемайлон таманно дорам.

Рӯзи варзишгарон муборак бошад!