Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бунёди корхонаю коргоҳҳои нав бо маром идома доранд.

Яке аз чунин иншооти муҳими истеҳсолӣ — коргоҳи пойафзолбарории “Бӯстон” мебошад, ки дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” фаъолият мекунад.
Коргоҳ бо истеҳсоли пойафзолҳои низомӣ ва варзишӣ, ки тибқи фармоиш омода мегарданд, инчунин истеҳсоли пойафзоли мардона ва кӯдакона машғул буда, маҳсулоти босифат ва рақобатпазирро ба бозор пешниҳод менамояд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба роҳбарияти он ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот бо нархҳои дастрас дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки дар назди коргоҳи мазкур мағозаи фурӯши маҳсулоти тайёр фаъолият дорад, ки ба муштариён намудҳои гуногуни пойафзоли мардона, кӯдакона, низомӣ, варзиширо бо сифати баланд пешниҳод менамояд.

Ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда барои таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ мусоидат мекунад.





