2 август дар қисми ҳарбии 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи десантчиён ҷамъомади идона доир гардид. Ҷамъомади идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахуст муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирўза Нуруллозода ба муносибати Рӯзи десантчиёнро ба самъи сарбозону афсарону шуҷоъ расонид. Зикр карда шуд, ки мусаллам аст, ки десантчиёни тоҷик ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли кишварамон ва сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб мераванд.
Агар ба таърихномаи пурифтихори десантчиён назар афканем, маълум мегардад, ки неруҳои десантӣ дар ибтидо ҳамчун баталёни алоҳида ташкил карда шуданд ва баробари фароҳам гардидани имконият дар заминаи ин баталён Бригадаи 7-уми алоҳидаи ҳамлаовари десантӣ дар ҳайати панҷ баталён таъсис дода шуда, бо техникаи ҷангӣ ва силоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид ва ба ҳайати Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил карда шуд. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки имрӯзҳо зиёда аз 95 фоизи афсарони бригадаи мазкурро мутахассисони сатҳи баланди касбӣ – хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар ташкил менамоянд.
Оид ба корномаҳои беназири десантчиён зимни суханронии хеш ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкин намуданд: “Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки десантчиёни Тоҷикистон рисолати касбӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди давлату миллат то ба имрӯз содиқона ва сарбаландона иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва амнияти шаҳрвандони кишвар ҷасорату корнамоиҳои зиёд нишон додаанд”.
Дар идома намояндаи прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд, муовини командири қисми ҳарбии 01972 ва дигар шахсони масъул суханронӣ намуда, оид ба хизмати софдилонаву садоқатмандонаи десантчиёни тоҷик андешаронӣ намуданд.
Аз ҷониби десантчиёни шуҷоъ намоишҳои ҳарбикунонидашуда, роҳҳои маҳв намудани душман, амалиётҳои ҷангӣ ва дигар намоишҳо нишон дода шуда, ба хизматчиёни фаъъол ва муваффақ сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Барномаи рангини аҳли санъати шаҳри Бӯстон ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.























