ОМОДАГИИ ШАҲРИ БӮСТОН БА ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ НАВРӮЗ

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Баргузории шанбегии умумишаҳрӣ, тозаву озода намудани раставу хиёбонҳои шаҳр ва дигар тадбирҳои созандагӣ дар шаҳр бомаром идома дорад.

Ҳамзамон боиси зикр, ки дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 тасдиқ гардидааст, бо баландии 13 метр насб карда шуд. Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид. Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.Ёдовар мешавем, ки тантанаҳои идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Бӯстон санаи 21 марти соли 2023 , соати 14:00 дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *