ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

Ба муносибати 97-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми мустақили 20-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси шаҳри Бӯстон ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.

Нахуст, табрикоти Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Зимнан қайд карда шуд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ яке аз хадамоти бонуфузи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, фаъолият дар ду самт: омодагӣ барои сӯхторхомӯшкунӣ ва назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро ба роҳ мондааст.

Мо дар остонаи 97-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти оташфишонӣ қарор дорем. Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи марказии иҷроияи Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ-сотсиалистии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 1928 Хадамот дар шакли “Назорати давлатии бехатарӣ” таъсис ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо дастгириву пуштибонии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини заминаи моддӣ-техникии сохторҳои Хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумурии Тоҷикистон, тарбия намудани мутахассисони баландихтисос, фароҳам овардани фазои мусоиди корӣ ташаббусҳои наҷиб рӯйи кор гирифта шуда, ин раванд зери назорати ҳамешагӣ қарор дорад.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар 487 иншооти зериназоратӣ санҷишҳо ва омӯзишҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои сар задани сӯхтор аз ҷониби кормандони ин ниҳоди давлатӣ гузаронида шуда, вобаста ба ҳифзи молу амволи корхонаҳои саноативу давлатӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хулосаву тавсияҳои кормандон дода шудааст.

Маҳз фидокорӣ, матонат ва ҷоннисориҳои пайвастаи кормандони қисми мустақили 20-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Бӯстон буд, ки дар ин муддат дар баробари ҳифзи молу амволи мардум ҷони 3 нафар сокинони шаҳр аз коми оташ наҷот бахшида шудааст.

Сипас, дар фазои тантанавӣ ба як қатор собиқадорон ва пешсафони фаъолият сипоснома ва туҳфаҳои хотиравииМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.