БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, № АП-1677 “Дар бораи баргузории нишасти матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ” 21 июли соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Бӯстон дар нимсолаи аввали соли 2025 доир гардид.

Дар оғози нишаст раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ҳайати рӯзноманигорноро ба таври фишурда бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2025 шинос намуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини ҳадафҳои асосии дар марҳилаи аввали татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” гузошташуда, “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бӯстон барои солҳои 2021-2025” бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз 10 марти соли 2021, №52 қабул гардида, давра ба давра амалӣ шуда истодааст.

Бо назардошти тағйиру иловаҳои воридгардида, шумораи умумии лоиҳаҳо дар Барнома 85 адад ва маблағи умумии лоиҳаҳо 214,6 млн. сомониро ташкил намуда, мавриди амал қарор доранд.

Тибқи Барномаи қабулгардида шуруъ аз соли 2021 то нимсолаи якуми соли 2025 дар соҳаи саноат 6 лоиҳа ба маблағи 40,1 млн. сомонӣ, соҳаи маориф 12 лоиҳа ба маблағи 24,5 млн. сомонӣ, соҳаи тандурустӣ 19 лоиҳа ба маблағи 9,3 млн. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 9 лоиҳа ба маблағи 11,8 млн. сомонӣ, барқтаъминкунӣ 9 лоиҳа ба маблағи 40,5 млн. сомонӣ, нақлиёт ва роҳ 4 адад ба маблағи 7,0 млн. сомонӣ, сохтмон 8 адад ба маблағи 33,9 млн. сомонӣ, соҳибкорӣ 6 адад ба маблағи 14,8 млн. сомонӣ ва фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 12 адад ба маблағи 32,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар давоми солҳои 2021-2024 ва нимсолаи якуми соли 2025 иҷрои 37 лоиҳа ба маблағи 168,0 млн. сомонӣ таъмин гардидааст ва иҷрои маблағгузории Барнома 78,3 фоизро ташкил менамояд.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 буҷети умумии шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 129,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 9,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат дар шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа, теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хурду миёнаи шаҳр ба 60 адад расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз ё худ 4 адад зиёд шудааст.

Дар шаҳри Бӯстон як муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ” аз рӯи 11 намуди варзиш (32 гуруҳ) амал мекунад, ки шумораи тарбиятгирандагони он 382 нафар мебошанд.
Варзишгарони шаҳри Бӯстон дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 дар мусобиқаву чемпионатҳои гуногун иштирок намуда 406-медал аз ин, 134 медали тилло, 137 медали нуқра ва 135 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 377 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 – 9 адад зиёд мебошад. Ҳамаи муроҷиатҳои воридгардида тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ гардиданд.

Тибқи “Равзанаи ягона” аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 110 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта 12 нафар зиёд мебошад (соли 2024-ум – 98).
Ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ иборат аз 223 банд бо фарогирии корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои гуногун ба тасвиб расида, то имрӯз 179 адади онҳо бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 80,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди кӯчаву хиёбонҳои протоколии шаҳр ба миқдори 4020 бех дарахтони ҳамешасабз, 29000 бех гули садбарг ва зиёда аз 269920 бех гулҳои мавсимӣ бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуда, барои нашъунамо ёфтани онҳо чораҳо андешида шудаанд.

Баъдан байни роҳбари шаҳр ва намояндагони васоити ахбори умум вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, тадбирҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дигар масоили мубрам саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ба аҳли қалам изҳори сипосмандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстонро баён намуда, намояндагони васоити ахбори умумро ҷиҳати вусъати робита ва ҳамкории судманд баҳри муаррифии имконият ва бурду бохти шаҳр даъват ба амал овард.