БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ФАЪОЛОН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

14 июли соли 2025 таҳти раёсати раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршеда Хоҷазода ширкат намуданд.

Ҳамзамон дар кори маҷлиси ҷамъбастӣ муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, роҳбарияти Ҷамоати шаҳраки Палос, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.

Нахуст оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳисоботи муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода шунида шуд.

Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2025 фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба роҳ монда, ҷиҳати расидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бо мақсади таъмини ҳадафҳои асосии дар марҳилаи аввали татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” гузошташуда, “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бӯстон барои солҳои 2021-2025” бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз 10 марти соли 2021, №52 қабул гардида, давра ба давра амалӣ шуда истодааст.

Бо назардошти тағйиру иловаҳои воридгардида, шумораи умумии лоиҳаҳо дар Барнома 85 адад ва маблағи умумии лоиҳаҳо 214,6 млн. сомониро ташкил намуда, мавриди амал қарор доранд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи Барномаи қабулгардида дар давоми солҳои 2021-2024 ва нимсолаи якуми соли 2025 дар соҳаи саноат 6 лоиҳа ба маблағи 40,1 млн. сомонӣ, соҳаи маориф 12 лоиҳа ба маблағи 24,5 млн. сомонӣ, тандурустӣ 19 лоиҳа ба маблағи 9,3 млн. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 9 лоиҳа ба маблағи 11,8 млн. сомонӣ, барқтаъминкунӣ 9 адад ба маблағи 40,5 млн. сомонӣ, нақлиёт ва роҳ 4 адад ба маблағи 7,0 млн. сомонӣ, сохтмон 8 адад ба маблағи 33,9 млн. сомонӣ, соҳибкорӣ 6 адад 14,8 млн. сомонӣ ва фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 12 адад 32,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки маблағгузории Барномаи мазкур дар давоми солҳои 2021-2024 ва нимсолаи якуми соли 2025 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 7,8 млн. сомонӣ, буҷети вилоятӣ 9,1 млн. сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 40,5 млн. сомонӣ, аз ҳисоби бахши хусусӣ 97,1 млн. сомонӣ, аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағҳои номуайян 10,0 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 3,5 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар давоми солҳои 2021-2024 ва нимсолаи якуми соли 2025 иҷрои 37 лоиҳа ба маблағи 168,0 млн. сомонӣ таъмин гардидааст ва иҷрои Барнома 78,3 фоизро ташкил менамояд.

Дар идома роҳбари шаҳр аз муовини якум, муовин ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ вобаста ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамагуна хизматрасониҳо ба аҳолӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, таъмини иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи корҳо оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ пурсиш ба амал оварда, ба масъулин баҳри вусъати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идома намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршеда Хоҷазода суханронӣ намуда, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатии ҷомеаи шаҳри Бӯстонро дар нимсолаи аввали соли 2025 яке аз нишондиҳандаҳои мусбат арзёбӣ намуда, барои шарафёб гардидан ба натиҷаҳои боз ҳам шоистаи меҳнатӣ дар самтҳои вусъати фаъолияти ҷомеаи меҳнатӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла байни занону ҷавонон, коҳиш додани раванди бегонапарастӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳал ва вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолият масъулинро вазифадор намуданд.