Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Бӯстон бо рафти корҳои барқарорсозии кӯли шаҳрӣ шинос гардид.
Тибқи иттилои масъулин, дар доираи тадбирҳои созандагӣ сафолакпушии роҳравҳо ва гузоштани нишастгоҳҳо бо маром идома дошта, барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Ҷойҳои махсус барои сайру гашту фароғати сокинон ва меҳмонон, ҳамчунин чароғонӣ ва ниҳолшинонӣ дар минтақаҳои атрофи кӯл низ пешбинӣ гардидааст.
Раиси вилоят зимни боздид ба масъулин барои таъмини иҷрои босифати корҳо, истифодаи масолеҳи хушсифат ва риояи талаботи меъморӣ дастурҳои мушаххас дод.
Корҳои барқарорсозӣ дар кӯли шаҳрӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва муҳайё намудани шароити хуби истироҳат ба аҳолӣ амалӣ гардида, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дорад.