ВАҲДАТ САМАРАИ ТАЛОШҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ АСТ! — таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Бӯстон

27 июни соли 2025 дар театри драмма ва мазҳакаи русии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон чорабинии идона бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо ба толор ворид намудани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахуст, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди сайёҳи вилоят Абдумаҷид Раҳимзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллиро ба самъи сокинону меҳмонони шаҳри Бӯстон расонид.

Сипас, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода паёми табрикии худро ба самъи иштирокдорон расонида, кулли ҳамдиёронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният намуда, барояшон сиҳатмандии комил, рӯзгори ободу осуда ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас сулҳу ваҳдати бегазандро таманно намуд.

Зикр гардид, ки санаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ яке аз муҳимтарин рӯйдоди таърихи муосири Тоҷикистон ва оғози марҳалаи сифатан нави рушди миллат ва кишвар маҳсуб меёбад. Ҳамасола, дар саросари кишвари маҳбубамон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, «Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад».
Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассирро дорад.

Ин санаи муқаддаси таърихӣ барои сокинони кишвари мо оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ, умед бахшидан ба ояндаи дурахшон ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоишта буда, ҳамчун наҷотбахши миллат дар таърихи навини давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Дар охир, дастагули суруду таронаҳои дилангези пешкаши ҳозирин гардонида шуд.