Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода чун анъанаи наҷибу нек ба аёдати собиқадорони меҳнат Юрий Поселянов, Темурой Масаидова ва Таиси Сюржикова, ки дар шаҳри Бӯстон иқомат доранд, рафт.
Зимни мулоқот ва ҳолпурсӣ Раиси вилоят аз таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба собиқадорони меҳнат ёдовар шуда, ба ҳар яке аз аёдатшудагон туҳфаҳои пулӣ тақдим намуд.
Аёдати собиқадорон баёнгари эҳтиром ба заҳмату хидматҳои содиқонаи онҳо дар роҳи созандагиву ободонии кишвар мебошад.Мобиқадорон низ бо изҳори миннатдорӣ аз ғамхории давлату Ҳукумат ва таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят сипосмандии хешро баён доштанд.