Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи ба номи Куруши Кабир расман оғоз бахшида шуд.

Ин иқдоми созанда дар доираи амалишавии нақшаи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Корҳои роҳсозӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ татбиқ шуда, дар маҷмӯъ 5400 метри мураббаъ масоҳати роҳ асфалтпӯш хоҳад шуд. Корҳоро ҶДММ «Роҳи пурфайз» ба уҳда дошта, техникаҳои муосири роҳсозӣ ба таври самаранок истифода мешаванд.
Сокинони шаҳри Бӯстон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар фазои ваҳдату сарҷамъӣ барои ободии кӯчаҳо ва гулгулшукуфоии маҳалли зисташон камари ҳиммат бастаанд.
Дар баробари кӯчаи Куруши Кабир, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар шаҳри Бӯстон аллакай 3 километр роҳҳои маҳаллӣ пурра мумфарш карда шудаанд. Ин ҳама тадбирҳо ба беҳтар шудани шароити рафтуомади сокинон мусоидат мекунанд.

Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бӯстон бо суръат идома доранд. Аз ҷумла, таҷдиду навсозии меҳмонхонаи “Хуҷанд” ва кӯли марказии шаҳр низ аз ҷумлаи иқдомҳои назаррас маҳсуб меёбанд.

Раиси вилояти Суғд зимни боздид аз кӯли шаҳрӣ ба масъулин ҷиҳати пур намудани он бо об, таҳияи тарҳи инфрасохтори фароғатӣ ва таъсиси мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ барои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо боиси ободии бештари шаҳр ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ гардида, ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии вилоят мусоидат менамояд.