Дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон хатти нави оби нӯшокӣ ба таври расмӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти муҳими иҷтимоӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, онро дар фазои тантанавӣ ба истифода супорид.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки хатти нави оби нӯшокӣ аз чоҳи амудии наздикии кӯл ба масофаи 2400 метр бо истифода аз лӯлаҳои дорои қутри 160 мм кашида шудааст. Бо амалӣ гардидани ин лоиҳа, сатҳи таъминот бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалла ба маротиб беҳтар гардида, акнун беш аз 4 ҳазор сокини маҳаллаи Наврӯз давоми шабонарӯз аз оби тоза ва солим баҳравар мегарданд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон таъкид дошт, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёду навсозии 12 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 10 ҳазор иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
Кашидани хатти нави оби нӯшокӣ дар маҳаллаи Наврӯз яке аз намунаҳои амалии чунин иқдомҳои шоиста ба шумор меравад, ки ба муносибати таҷлили 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шуд.
Сокинони маҳалла бо изҳори қаноатмандӣ ва шукргузорӣ аз дастгирии ҳамешагии давлату Ҳукумат ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баён доштанд, ки минбаъд низ барои ободии диёр саҳм хоҳанд гузошт.