Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави вилояти Суғд корҳои созандагию ободонӣ рӯз аз рӯз вусъат ёфта, силсилаи иншооти муҳими ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар шаҳри Бӯстон, тибқи нақшаи чорабиниҳо, бунёд, таҷдид ва навсозии 223 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ гардидааст. Яке аз самтҳои афзалиятноки татбиқи ин нақшаҳо рушди соҳаи саноат, бахусус таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҷумла, бо ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъинвест” сохтмони коргоҳи замонавии забҳ ва бастубандии парранда дар ҳудуди шаҳр оғоз гардидааст. Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоту дастгоҳҳои технологияи баланд аз Ҷумҳурии Ҳолланд ворид гардида, дар ояндаи наздик васлу насби онҳо оғоз меёбад.
Коргоҳи мазкур бо истифодаи технологияи муосир ба таври пурра автоматикунонида шуда, ҷавобгӯи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ хоҳад буд. Баъди ба фаъолият оғоз кардани он, беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят бунёди чунин корхонаҳои саноатиро як намунаи равшани татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, таъкид кард, ки дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамасола дар қаламрави вилояти Суғд даҳҳо корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз мекунанд.
Сохтмони корхонаи забҳи парранда дар шаҳри Бӯстон на танҳо ба рушди иқтисодии маҳал ва таъмини сокинон бо ҷойи кор мусоидат мекунад, балки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.