Ҳамдиёрони азиз,
Бо камоли эҳтиром ва самимият ҳамаи Шуморо бо 28-умин солгарди ҷашни фархундаву хуҷастаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, азму иродаи устувор, хушиҳои умр ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас фазои сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ваҳдати комили миллӣ таманно дорам.
Боиси хушбахтист, ки бо азму иродаи устувор ва ҷаҳду талоши беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон пояҳои давлатдории навини миллӣ мустаҳкам гардида, бо танинандозии сулҳу суботи комили ҷомеа дар тамоми самтҳо пешрафту дастовардҳои шоиста рӯи кор омад.
Воқеан, санаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне санаи 27-июни соли 1997 яке аз муҳимтарин рӯйдоди фараҳбахш дар таърихи давлатдории навини миллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушди миллат ва кишвар маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон ин ҷашни фархунда бо руҳияи баланду ифтихори миллӣ таҷлил мегардад.
Тавре, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувор ворид гардида, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, роҳсозиву коммуникатсия ва соҳаву бахшҳои дигар бомаром тараққӣ карда истодаанд.
Ин ҳама натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, самараи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи халқи қаҳрамони Тоҷикистон ва албатта, мояи ифтихору сарфарозии хурду бузурги мамлакат мебошад.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам оварданд, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад».
Дар воқеъ, ваҳдати миллӣ воқеан ҳам пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар мебошад.
Мову Шумо хуб медонем, ки пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар кишвар марҳалаи барқарорсозии оқибатҳои ҷанг шурӯъ гардида, саъю талоши Ҳукумати мамлакат низ асосан ба ҳамин самт равона гардида буд.
Мо мардуми шарифи тоҷик набояд фаромӯш созем, ки маҳз ҷаҳолату бесаводии иддае аз гуруҳҳои тундрав, амсоли аъзо ва пайравони Ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва ғайраҳо боис гардид, ки кишвар ба гирдоби нооромиву кашмакашиҳо кашида шуда, яъсу ноумедӣ қалби пиру барноро ҷойгузин гардид.
Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар беш аз яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ кушта шуда, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк намуда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда буданд.
Мувофиқи ҳисобҳо ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дар маҷмӯъ, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расонид, ки он замон 105 маротиба аз буҷети соли 1995-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд буд. Зиёда аз 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуда, садҳо бинову иншоот, заводу фабрикаҳо, муассисаҳои тиббӣ, маориф, идораҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои зиёде харобу валангор гардиданд.
Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад. Зеро, бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятим мондаанд.
Дар ин раванд, бо туфайли иродаи қавии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз як миллион нафар ҳамватанони гурезаву аз Ватан дурафтода ба маҳалли зисташон баргардонида шуда, сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, манзилҳои зисту иншооти сӯхтаву валангоршуда барқарор гардиданд.Маҳз азму иродаи устувору баҳодуронаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки оташи ҷанг хомӯш ва кишвар ба сулҳу суботи комил шарафёб гардид, маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуки ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, ташаббусҳои кишвари мо мақоми ҷаҳониро соҳиб мегарданд.
Бунёди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ, корхонаҳои саноативу иншооти таъиноташон гуногун нишона аз фазилати сулҳу субот, оромиву осудагӣ ва рушди пайвастаи кишвари маҳбубамон мебошад.
Новобаста аз он, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷомеаи ҷаҳон бо чашми маломат ба мардум ва халқи Тоҷикистон назар мекарданд ва аз ҳамкориву муносибатҳои ҳамҷавор худдорӣ менамуданд, пас аз расидан ба ваҳдати миллӣ ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ғайра дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ гардида истодаанд.
Эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба маънии том ба ҳайси забони давлатӣ эътибор пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони барӯманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик нишонаи дастовардҳои беназири кишвар дар фазои сулҳу субот ва амнияти комил аст.
Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат, якдиливу ҳамзистии осоишта ва бо камоли ифтихору сарфарозӣ аз ватану ватандорӣ таҳти раҳнамоиҳои оқилонаву дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакати азизамон корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни фархундаву хуҷастаи миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.
Дар ин раванд, бо ибтикори наҷиби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода баҳри ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва шукргузорӣ аз самараҳои ваҳдати миллӣ ҷаҳду талошҳои пайваста ба роҳ монда шуда, корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда истодааст.
Сокинони саодатманди шаҳри Бӯстон низ бо илҳом аз сиёсати бунёдкоронаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушбахтона дар атрофи андешаи “Тоҷикистони азизу муқаддас-Ватани азизи маҳбуби ҳамаи мост!” муттаҳид гардида, бо шукргузорӣ аз баракати сулҳу субот, осоиштагиву ваҳдат ва озодиву истиқлолият баҳри рушди босубот ва ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон ҷаҳду талош варзида истодаанд.
Мову Шумо аз рӯйдодҳои ҳамарӯзаи ҷомеаи ҷаҳон, нооромиву низоъҳои кишварҳо ва афзоиши созмону равияҳои ифротии диниву мазҳабии тундрав огоҳӣ дорем.
Албатта муттаҳидиву ваҳдат ва сарҷамъиву ҳушёрии сиёсӣ метавонад ба пешгирии омилҳои хатарзо мусоидат намояд.
Моро зарур аст, то дар шароити ниҳоят печидаву ҳассоси ҷаҳони муосир тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, суботу оромӣ, дарки асили арзиши ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллатро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор диҳем.
Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар кулли ҳамдиёрони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо тандурустиву хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон суботу оромии ҷовидонӣ, ваҳдати поянда ва озодиву истиқлоли пайваста орзу менамоям.
Бигзор, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизи мо ҳамеша пойдор ва истиқлоли миллати озоду сарбаланди тоҷик ҷовидон бошад!28-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Фирӯза Нуруллозода бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ
