ИФТИТОҲИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ «ЗАН-САРВАР» ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

24 июни соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода курси омӯзишии «Зан-сарвар» ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳӣ 26 нафар шунавандагони курс, занону бонувони фаъол аз соҳаҳои мухталиф ва аъзои Шӯрои занону духтарони шаҳр ширкат варзиданд.

Нахуст, раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода занону бонувонро бо ифтитоҳи курс шунавандагонро табрик намуда, зимнан зикр дошт, ки «Аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли давлатии кишвар беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Роҳбари давлат дар ҳар вохӯриву баромадҳояшон дар мавриди рисолати воқеии занон дар ҷомеа фикру андешаҳояшонро иброз медоранд.

Боиси хушнудист, ки бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030” Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тасмим гирифт, ки курси омӯзишии “Зан-сарвар”-ро аз рӯйи барномаи алоҳидаи мактаби сарварӣ ташкил ва баргузор намояд.

Курси мазкур ба муҳлати 2 моҳ ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи аввал 26 нафар занони касбу кори гуногун ба он ҷалб карда шудаанд. Машғулиятҳо дар курси болозикр бо ҷалби олимону донишмандон ва мутахассисони соҳа доир карда мешаванд.

Асосан мавзӯъҳои интихобшуда вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи қонунҳои миллӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва дар маҷмуъ дастгирии давлатии занону бонувони мамлакат мебошанд».

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки бо сиёсати огоҳонаи Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди ҳама гуна зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон мавқеи устуворро ишғол намудааст. Ҷорӣ гардидани марказҳои дастгирии занон, ҳамчунин марказҳои ҳуқуқӣ ва равоншиносӣ дар минтақаҳо барои расонидани кӯмак ва ҳимояи ҳуқуқҳои занон нақши муҳим доранд.

Пешвои миллат занро рамзи покиву муътабарӣ, тарбиятгари насл ва асоси оилаи солим медонанд. Дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳо дар баромадҳои расмӣ ҳамеша ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии занон таъкид менамоянд.
Махсусан дар рӯйдодҳои муҳиме чун таҷлили Рӯзи модар, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар санаҳои таърихӣ, Пешвои миллат даъват ба амал меоранд, ки ҷомеа ба қадру манзалати занон эҳтиром гузорад ва онҳоро ҳамчун шарики баробар дар рушди кишвар эътироф намояд.

Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 зикр гардид, ки “Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд”.

Дар идома раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода занону бонувони фаъоли шаҳрро ҷиҳати вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, ҷалби аҳолӣ ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии бегонапарастиву хуруфот, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дигар омилҳо даъват ба амал овард.