7 март дар тарабхонаи “Элегант”-и шаҳри Бӯстон ба ифтихори Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавии идона доир гардид. Дар кори ҷамъомад раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, занону бонувони собиқадори меҳнат, кормандони касбу кори гуногун аз ҳисоби занону бонувон, гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи раиси шаҳр, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва занону бонувони барӯманд ширкат намуданд. Ҷамъомади тантанавӣ бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оғоз гардид.
Нахуст сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода паёми табрикии муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи Модарро ба самъи занону бонувони шаҳри Бӯстон расонид. Зикр карда шуд, ки: “Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори Модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем.Бузургдошти Рӯзи Модар дар кишвар аз таваҷҷӯҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд”.
Баъдан раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ кулли занону бонувон ва модаронро ба ифтихори Рӯзи Модар таҳният гуфта, барояшон бурдбориву фатҳу зафармандиҳои беназир таманно намуд. Роҳбари иброз намуд, ки: “Имрӯз дар замони пешрафти босуботи илму техника, марҳилаи ниҳоят мураккабу печидаи вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зуҳури созмону равияҳои ифротиву иртиҷоӣ нақш ва ҷойгоҳи занону модарони азизи мо дар тарбия ва камолоти насли соҳибхираду ватандӯст, хештаншиносу худогоҳ ва донишманду далеру зирак басо арзишманд мебошад.Аз ин нуктаи назар боварии комил дорем, ки модарону занони арҷманд ва бонувону хоҳарони шарафманди мо бо такя ба пуштибониву ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати тарбияи наслҳои ояндасозу соҳибмаърифат, ватандӯсту хештаншинос равона намуда, бо ақлу заковат, нерӯву тавони дучанд дар ташаккули ҷомеаи навини миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдату осоиштагӣ, ҳифзу афзун гардонидани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва ободии Ватан заҳмат мекашем ва ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол мегирем”.Дар интиҳо барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони маъруфи кишвар Нобовар Чиноров, Донишманд Қутбиддинов, Гуласал Пӯлотова, Ғуломҷон Мирдадоев, Олимҷон Маҳмудов, Аъзам Болтубоев ва дигарон, инчунин барномаи адабӣ бо намоиши сару либоси миллии идона, расмӣ ва амсоли инҳо пешкаши занону бонувон гардонида шуд.Дар ин рӯз ба кулли иштирокдорон – занону бонувон туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.












