Табрикоти занону модарони покизакор бахшида ба Рӯзи Модар

7 март бо такя ба сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи дастури раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ занону бонувони покизакор — кормандони муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон ба муносибати Рӯзи Модар ба ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Зимни ироаи паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ муовини раиси шаҳр Хуршед Сатторзода аз дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои наҷиби занону бонувон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, нақши занон ва модарони покизакорро дар тозагии шаҳр шоиста арзёбӣ кард. Дар ин рӯз ба занону модарони покизакор ҳамчун рамзи эҳтиром ба заҳматҳои шабонарӯзии онҳо гулҳои тару тоза ва маводҳои озуқаворӣ дастрас карда шуд. Дар интиҳо занону модарони покизакор изҳори сипосмандии хешро аз ғамхории ҳамешагӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *