Бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳри Бӯстон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва бунёди иншооти таъиноти гуногун боздид ба амал оварданд.
Дар ин рӯз боздиди роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ ва роҳбари шаҳр аз муассисаҳои давлатии Қасри фарҳанг ва мактаби санъат, шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи шаҳрӣ, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба таъмири кулли фаро гирифта шудаанд сурат гирифа, бо сохтмончиён ва роҳбарияти муассисаҳои мазкур суҳбати самимӣ доир намуданд. Масъулин ҷиҳати иҷрои сифатноки корҳои таъмиру барқарорсозӣ вобаста гардиданд.
Инчунин дар ин рӯз боздиди роҳбарият аз корхонаи навбунёди хишти аълосифат, тарабхонаи навбунёд ва меҳмонхонаи “Хуҷанд” сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, бунёд ва таъмиру барқарорсозии 223 иншоот ба нақша гирифта шуда, то семоҳаи аввали соли 2025 — 151 адади он иҷро гардид, ки 67,7%-и нақшаро дар бар мегирад.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, фаъолон, соҳибкорону шахсони саховатпеша азм доранд ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас ва шоистаи меҳнатӣ истиқбол гиранд.