БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР. Дар Бӯстон собиқадорони меҳнатро бо ид табрик намуданд

Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Модар аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилояти Суғд фаъолзанон ва  собиқадорони меҳнатро   табрик намуданд.

6 март дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Модар роҳбарияти вилоят ва шаҳр ба хонадони  занони баруманди шаҳри Бустон Лариса Шемякина ва Моҳинисо Холиқова омаданд.

Зимни суҳбат аз дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои наҷиби занону модарон ёдовар шуда, баҳри хизмати софдилонаву садоқатмандона ба бонувони баруманд ва собиқадори меҳнат изҳори сипос карда шуд.

Тазаккур дода шуд, ки бузургдошти Рӯзи Модар дар мамлакат аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону занони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлатамон саҳми арзанда мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *