АЁДАТИ ПИРОНИ ХИРАДМАНД ВА БЕМОРОН

Бо такя ба сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода бахшида ба иди саиди Қурбон пирони хирадманд, собиқадорони ҷангу меҳнат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва беморонро аёдат намуд.

Роҳбари шаҳр зимни суҳбати самимӣ бо аёдатшудагон аз сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Дар ин рӯз ба аъзои оилаи аёдатшудагон маводҳои озуқаворӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Аёдатшудагон изҳори сипосмандии хешро аз роҳандозии чунин тадбири наҷиб ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.