Ҳамдиёрони азиз,
Сокинону меҳмонони шаҳри Бӯстон!
Дар ин айёми мубораку пурсаодат фарорасии иди саиди Қурбонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр самимона таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама саодати зиндагӣ ва дастархони пур аз нозу неъматро таманно дорам.
Иди Қурбон ҳамчун яке аз суннатҳои муътабару муқаддаси исломӣ, паёми хайру саховат, инсонгароиву муҳаббат ба офаридгор ва офаридаҳои ӯст. Ин рӯз на танҳо маросими динист, балки як имкони нодир барои таҷлили арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ, дӯстиву ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси ҳамбастагӣ дар ҷомеа мебошад.
Ҳикмат ва паёми асосии Иди Қурбон моро ба худшиносӣ, эҳтироми ҳаққи дигарон, саҳмгузорӣ дар ҳаёти ҷамъият, пуштибонӣ аз табақаҳои осебпазир ва гиромидошти суннатҳои неки инсоният даъват мекунад. Ҳамасола, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ибтикори инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суннатҳои марбут ба ин ид дар фазои сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва бо эҳсоси баланди шаҳрвандӣ таҷлил мегарданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми табрикӣ бахшида ба иди саиди Қурбон зикр доштанд, ки “Моҳияти иди Қурбон – яке аз суннатҳои эътиқодии мардуми мо аз хайру саховат, дӯстиву муҳаббат ва дастгирии байниҳамдигарии инсонҳо ҳамчун омили саодати зиндагии ҷомеа иборат мебошад. Яъне ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, аз ҷумла, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону ниёзмандон ва дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар як шахс бояд онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ, аз ҷумла дар айёми ид эҳтиром ва риоя намояд.
Бахусус, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва беморону ниёзмандон аз анъанаҳои неки иди Қурбон маҳсуб меёбад.
Анъанаи қурбонӣ кардани чорво аз ҷониби онҳое, ки имконияти мусоиди иқтисодӣ дошта, дар таъмини аҳли оилаашон мушкилие вуҷуд надорад ва он ҳам ба хотири дастгирии эҳтиёҷмандон дар байни мардуми мо роиҷ аст”.
Ин таъкиди гаронарзиш ба мо мефаҳмонад, ки ҳақиқати Иди Қурбон дар амалҳои хайр, дастгирии ниёзмандон, кӯмак ба ятимону маъюбон, дастрасии ризқу рӯзӣ ба муҳтоҷон ва гиромидошти арзишҳои умумибашарист.
Ҳамватанони азиз!
Фаромӯш накунем, ки дӯст доштани Ватан ва хизмат ба ҷомеа нишонаи аслии имон ва худшиносии шахсият аст.
Имрӯз, вақте ки ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба мушкилоти зиёд дорад, сулҳу суботи Тоҷикистон ва якпорчагии миллат амонати муқаддасест, ки моро зарур аст ҳамеша онро ҳифз намоем. Махсусан, насли наврасу ҷавонро бояд бо руҳи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия кунем, то идомадиҳандаи роҳи пуршарафи наслҳои пешин бошанд.
Бори дигар, бо самимияти комил фарорасии Иди Саиди Қурбонро ба тамоми сокинони шарафманди шаҳри Бӯстон ва кулли ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадон тинҷиву оромӣ, файзу баракат, дастурхони пур, муҳаббати байни ҳам, неъмати имон ва бахту саодати зиндагиро таманно дорам.
Бигзор дар фазои Ватани азизамон ҳамеша оромиву осудагӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ ҳукмфармо бошад!
Иди саиди Қурбон муборак, ҳамватанони азиз!
Паёми шодбошии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ба муносибати иди саиди Қурбон
