Дар саҳни муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷамъомади идона баргузор гардид.

Дар ҷамъомади идона раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ширкат намуд.
Нахуст роҳбари шаҳр кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон, ки ҳамасола якшанбеи якуми моҳи июн таҷлил мегардад таҳният гуфта, барояшон бурдбориву муваффақиятҳои беназир таманно намуд.
Зикр карда шуд, ки кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ дар раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ ва шукуфоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, пайваста аз доранд сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ баланд бардоранд.
Дар идома, аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бонизоми соҳа ёдовар шуд.
Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, ба кулли кормандони соҳа кӯмаки яквақтина аз қабили маводи озуқаворӣ тақдим гардид.