БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАХУСТИНИ ШӮРОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ШАҲРИ БӮСТОН

7 март таҳти раёсати раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ҷаласаи нахустини Шӯрои занону духтарони шаҳри Бӯстон доир гардид. Шӯрои занону духтарон дар доираи тадбирҳои дастгирии давлатии занон, амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 27 деқабри соли 2021, №370 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва фарогирии бештари бонувони фаъоли шаҳр дар самти солимгардонии фарҳангиву маърифатӣ ва сиёсиву иҷтимоии занону модарони шаҳри Бӯстон таъсис дода шуд.

Дар кори Шӯро муовини раиси шаҳр, сарпарасти соҳаи кор бо занон ва оила, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандон – занону бонувони барӯманди шаҳр ва аъзои Шӯро ширкат намуданд.

Нахуст роҳбари шаҳр бо изҳори хушнудӣ аз нақши барҷастаи занону духтарон дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри кулли занону бонувонро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона таҳният гуфта, барояшон бурдбориву муваффақиятҳо таманно намуд.

Зикр гардид, ки тибқи низомнома ҳадафи асосии Шӯро ҳамоҳанг сохтани ҳаракати занону ҷавондухтарони шаҳр, мусоидат намудан ба рушди онҳо ва ҳимояву амалӣ гардонидани ҳуқуқу манфиатҳои бонувони шаҳр мебошад.

Вазифаҳои Шӯро таъмини иштироки васеи бонувони шаҳр дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, инчунин дар раванди демократикунонии ҷомеа, таҳия ва амалисозии нақшаҳое, ки ба рушду такомули маънавию фарҳангии бонувони шаҳр, дастгирии иҷтимоии онҳо нигаронида шудаанд, мусоидат намудан ба рушди ҳаракати ҷамъиятии занону ҷавондухтарони шаҳр,  ҷалби занону ҷавондухтарони шаҳр ба такмили ихтисос ва курсҳои бозомӯзӣ, пешгирии паҳншавии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни занону ҷавондухтарон ва дастгирии ташаббусҳои созандаи бонувони шаҳр мебошад.

Зикр гардид, ки  то ин дам дар шаклҳои гуногун Шӯрои мазкур фаъолият менамуд. Аммо бо мақсади ба маҷрои муайян равона намудани неруи созандаи занону духтарон, сарҷамъ намудани иқтидори зеҳниву маънавии занону духтарон ҷиҳати рушди бонизоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба занону духтарон бо иштироки намояндагии занону духтарон тасмим гирифтем, ки ба Шӯро мақоми расмӣ бахшида шавад.

Дар доираи тантанаҳои идонаи Рӯзи Модар ва бо мақсади истифодаи васеъ аз донишу таҷриба, лаёқату маҳорати занону бонувон ҷиҳати амалигардонии нақшаву барномаҳои шаҳрдорӣ ва боз ҳам равона намудани нерӯи занону бонувон ба созандагиву бунёдкорӣ ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи нахустини Шӯрои занону духтарони шаҳр баргузор карда шавад.

Дар ҷаласаи нахустини Шӯро масъалаҳои муаррифии аъзои Шӯрои занону духтарон, тасдиқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2023 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бодарназардошти он ки Шӯрои занону духтарон дар ҳайати нав ва расман бори нахуст таъсис ёфт мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии шаҳри Бӯстон Фирӯза Қурбонова ҳайати роҳбарикунанда ва аъзои Шӯроро муаррифӣ намуд.

Дар идома Рустамзода Замира Темурмалик директори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ва муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Мавлуда Аминҷонова ба музокира баромада, таъсиси Шӯрои занону духтарони шаҳри Бӯстонро яке аз қадамҳои устувор дар роҳи амалигардонии нақшаву барномаҳо ва ташаббусҳои неку дурнигаронаи занону бонувон унвон намуданд.

Тибқи рӯзнома нақшаи кории Шӯрои занону духтарони шаҳри Бӯстон барои соли 2023 бо ҷонибдории аъзои Шӯрои тасдиқ карда шуд.

Дар интиҳо раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оид ба дастгирии давлатии занону бонувон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, таваҷҷуҳи занону духтаронро ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба занону духтарон, ҷалби нерӯи созандаи онҳо ба пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб, таъмини иҷрои қонунҳои миллӣ, санадҳову барномаҳои давлатӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифату хештаншинос ҷалб намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *