БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

4 июни соли 2025 дар толори Мақомоти прокуратураи шаҳри Бӯстон таҳти раёсати прокурори шаҳр Абдуқаҳҳор Азизовҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Дар кори Шӯро муовини якуми раиси шаҳри Бӯстон Баҳодур Яқубзода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Наврӯз Қодиров, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Умед Солизода, сардори Нозироти андози шаҳр Назир Қосимӣ ширкат намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин, шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаи «Натиҷаи санҷиши вазъи риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда оид ба истифодаи самараноки неруи барқ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар фаъолияти ҳамаи субъектҳои таъминкунандаи неруи барқ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар давраи 5 моҳи соли 2025» ва «Ҳисоботи аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бӯстон-сардори Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон вобаста ба ҳолати иҷрои талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рўёнидани бақияпулиҳои қарзи андоз ва иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шаҳри Бӯстон дар соли 2024 ва давраи сипаришудаи соли 2025» баррасӣ карда шуданд.

Нахуст, прокурори шаҳр Абдуқаҳҳор Азизов ҳозиринро бо муҳтавои рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Нахуст оид ба муҳтавои масъалаҳои баррасишаванда гузориши муовини прокурори шахри Бӯстон Далер Маҳмадализода шунида шуд.

Мавсуф доир ба натиҷаи санҷиши вазъи риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда оид ба истифодаи самараноки неруи барқ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар фаъолияти ҳамаи субъектҳои таъминкунандаи неруи барқ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар давраи 5 моҳи соли 2025 маърӯза намуд.Зимнан қайд гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, ҳайати кормандони Шабакаҳои барқтаъминкунии шаҳр гуруҳҳои корӣ бо мақсади доир намудани корҳои фаҳмонидадиҳӣ таъсис дода шуда, сокинони шаҳр аз муқаррароти қонунгузории амалкунанда оид ба истифодаи самараноки неруи барқ бархурдор карда шуданд.

Дар идома сардори Шабакаҳои барқтаъминкунии шаҳр Суҳайлӣ Насруллозода суханронӣ намуда, оид ба вазъи соҳа ҳисоботро барои 5 моҳи соли ҷорӣ манзур намуд.

Сипас, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурори шаҳр аз рафти корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз масъулини соҳа пурсиш ба амал овард.

Тибқи масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа ёрдамчии прокурори шаҳр Аминҷон Азимзода суханронӣ намуд.Мавсуф вобаста ба ҳолати иҷрои талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рўёнидани бақияпулиҳои қарзи андоз ва иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шаҳри Бӯстон дар соли 2024 ва давраи сипаришудаи соли 2025 суханронӣ намуд.

Сипас, сардори Нозироти андози шаҳр Назир Қосимӣ ҳисоботро барои 5 моҳи соли ҷорӣ манзур намуд.

Прокурори шаҳр Абдуқаҳҳор Азизов ҷиҳати тақвияти корҳои назоратӣ тибқи масъалаи навбатии рӯзнома аз масъулин, аз ҷумла, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, мудири шуъбаи рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳр, мудирони бахшҳои кор бо занон ва оила ва кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр пурсишро ба роҳ монда, хосатан қайд намуд, ки номбурдагон вобаста ба фарҳанги дурусти супоридани андоз миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ дар шаҳр корҳои фаҳмонидадиҳиро тақвият бахшанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки фаъолияти шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳр, бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии шаҳр таҳти назорати қатъии муовини якуми раиси шаҳр, сарпарасти соҳа қарор дода шавад.

Дар фарҷом раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурори шаҳр Абдуқаҳҳор Азизов баҳри таъмини иҷрои саривақтии муқаррароти қонунгузории мамлакат ва роҳ надодан ба камбудиҳо масъулинро вазифадор кард.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯро хотима ёфт.