ТАВАҶҶУҲ БА БАРТАРАФ КАРДАНИ МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ ОБИ НӮШОКӢ

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи таъминоти оби нӯшокӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода аз обанбори Қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр боздид намуд.Ҳамзамон роҳбари шаҳр аз ҷараёни кори пойгоҳҳои обкашӣ, ҳавзҳои об, имкониятҳои обанбор ва дигар шароитҳои он аз наздик ошноӣ пайдо намуд.Зимнан қайд гардид, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки ҷиҳати таъминоти оби нӯшокӣ ба сокинони шаҳр имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намоем.

Роҳбари шаҳр баҳри назорати фаъолияти мунтазами обанбор ва бо ин васила беҳтар намудани сатҳу сифати таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ масъулини қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр ва ҷиҳати таъмини кори муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмини муътадили нерӯи барқ сардори Шабакаҳои барқтаъминкунии шаҳрро вазифадор намуд.

Ба роҳбари шаҳр иттилоъ доданд, ки бинобар фарсудашавӣ бархе аз таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашӣ ба таъмир ниёз доранд, ки боиси норасоии таъминоти оби нӯшокӣ дар бархе аз минтақаҳои алоҳидаи шаҳр гардида истодааст. Фирӯза Нуруллозода баҳри рафъи саривақтии мушкилоти мавҷуда ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти таъминоти оби нӯшокӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.